пятница, 16 апреля 2021 г.

Муаллима Мария


Дар мӯйҳои муаллимаи зебои рус сафедӣ дамида, қомати чун сарваш аллакай хам гаштааст.

Муаллима Мария аслан аз диёри дурдасти Ставрополи кишвари Русия буд, ки ҳоло сокини Кӯҳистони Бадахшон ҳасту ин сарзаминро ватани ҳамешагии худ ихтиёр кардааст.

Дар ин ҷо соҳиби хонаву дар гашта, сазовори эҳтироми ҳамагон мебошад. Ӯро хурду бузург бо муҳаббат «Муаллима Мария» садо мекунанд…

Соли 1953 мактаби ҳафтсолаи деҳаро хатм намуда, ба омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии Черкес дохил шуд, соли 1957 омӯзишгоҳро хатм менамояд.

Ҳамон сол аз омӯзишгоҳи онҳо ва ҳамчунин омӯзишгоҳҳову донишкадаҳои дигар шаҳру вилоятҳои Русия хатмкардагони ҷавонро мувофиқи талабномаю роҳхат ба сифати омӯзгорони забони русӣ ба дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мефиристоданд.

Савти хайрбодӣ

Муаллима Мария низ дар қатори чанде аз хатмкардагон ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Онҳо ба пойтахти ҷумхурӣ шаҳри Сталинобод тариқи қатора ворид мегарданд. Муаллима он лаҳзаҳоро возеҳ дар хотир дорад:

« Ҳанӯз садои чархҳои оҳанин поезд аз гӯшам нарафтааст ва он вақт тасаввур намекардам, ки ин садо бароям мисли як савти хайрбодӣ бо диёрам ҳамешагӣ хоҳад буд».

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст

Вай дар мактаби деҳаи Ямг, воқеъ дар водии Вахон муаллима таъин гардида, рӯзҳои аввал душвориҳои зиёдеро пушт кардааст. Аксарияти сокинон забони русиро намедонистанд. Дараҷаи дониши шогирдон аз забони русӣ ниҳоят паст буд. Муаллимаи ҷавон бошад забони вахониро намедонист:

“Некандешу кушодадил буданд, мардуми Вахонзамин. Надонистани забон садди ҳамдигарфаҳмии мо намегардид.”,- нақл мекунад муаллима. 

Вай мекӯшидааст аз усулҳои гуногун истифода ва дониши худро ба шогирдон расонад. Ҳамин тавр вазъ оҳиста-оҳиста беҳтар шуд.

Дар Намадгут риштаи тақдири муаллима ва омӯзгори ҷавон Абдулҳаким Маҳмадҳакимов ба ҳам пайваст ва дуяшон ҳамсафари роҳи ҳаёт шуданд. Ӯ бо муҳаббат ва самимияти беандоза шавҳарашро ёд мекунад ва дуо мехонад, ки  хонаи охираташ обод бошад.

Соли 1960 оилаи ҷавон ба зодгоҳи Абдулҳаким- деҳаи Сохчарви  ноҳияи Шуғнон омада, ҳарду дар мактаби ин ҷо омӯзгор шуданд.

    Баъдан Абдулҳакимро ба вазифаҳои дигар гузаронданд. Аммо Мария то ба нафақа баромаданашон омӯзгор буданду содиқона ва софдилона хизмат кардаанд. Ба садҳо нафар шогирдон забони русӣ омӯзонда, онҳоро бо шоҳкориҳои адибони маъруфи гузаштаю муосири рус ошно намудааст. Аз байни шогирдони муаллима метавон даҳҳо нафарро ном бурд, ки имрӯз номи ӯро бо муҳаббат ёд мекунанд. Нуралишо Саъдоншоев яке аз шогирдони муаллим буда, аз муаллимма Мария тавсиф мекунад.

«Ватани бумии аҷдодонам Кавкази Шимолӣ аст.  Вале Тоҷикистон аз ҷумла, Кӯҳистони Бадахшон бароям ватани дуюм шуд. Ман дар ин ҷо соҳиби хонаву дар шудам, панҷ фарзанд, 15 набераю 3  абера дорам.  Бадахшон натанҳо сарзамини кӯҳҳои гардунсои барфпӯш ва рӯдҳои пурхурӯш, диёри сарватҳои адонашавандаи табиӣ, балки диёри одамони наҷиб аст.«- ёдовар шуд Мария Ионова.  

            Муаллима рӯзҳои сахту душвореро пушти сар кардааст. Доғи ҷудоӣ аз фарзандонро дид. Вале аз зиндагӣ шукргузор аст. Ҳарчанд синну солаш аз  80-гузашта  бошад ҳам, вай ҳанӯз аз кор фориғ нест. Ба гиёҳшиносӣ шуғл дошта, машғули парвариш ва нигоҳубини гулу гиёҳҳои дармонбахш мебошад.

Вақте ки бо ӯ худоҳофизӣ намуда, аз ҳавлиаш берун баромадам, дилам саршор аз нишот буд, дидору сӯҳбат бо чунин шахси хирадманду хоксор, бонуе, ки фарҳанги ду миллатро ба ҳам пайваст, маро нерӯву қувваи тоза бахшид.

Ба муаллимаи азиз саломатии бардавом ва умри дарозро таманно дорем!


четверг, 27 февраля 2020 г.

Заршӯӣ манбаи шуғлофар
Заршӯӣ як манбаи даромад ва ҷойи корӣ маҳсуб мешавад. Аммо то чор моҳи пеш қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ мушаххас набуд ва машғул шудан ба заршӯӣ ҷурм маҳсуб меёфт.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, зимни сафарҳои президенти кишвар ба шаҳру навоҳӣ шаҳрвандон дахост менамуданд, ки барои онҳо иҷозаи заршӯӣ дода шавад, то манбаи даромаде пайдо намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ”  (27 ноябри соли 2019, №600) имзо гардид.
Ин санад фаъолияти шахсони воқеиро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба танзим медарорад.
Дар ин қарор гуфта мешавад, ки қитъаҳои водӣ, шохобҳои дарёҳои ҷумҳурӣ ва сангрезаҳои доманакӯҳҳо аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ муайян карда шуда, ба Вазорати молия пешниҳод мегардад.
Дар ҳамин ҳол Исматулло Раҳмонов, мутахассис аз Саридораи геология зимни маҳфили навбатии "Тавозун", ки 27 феврали соли 2020 аз ҷониби ТҶ  "Хома" доир гардид, қайд намуд, ки дар пайи мушаххассозии минтақаҳо ҳастанд.

Чаро заршӯӣ маҳз дар шохобҳои дарё имконпазир аст ва бо чӣ далел тиллои резаро дар соҳили дарё пайдо кардан имкон дорад? Дар ин хусус аз Ҷовид Аминов,  мутахассиси соҳаи геологияи сохторӣ суол намудем.
Ба иттилои Ёқубҷон Ёров, корманди Вазорати молия, теъдоди онҳое, ки барои заршӯӣ иҷозат гирифтанд, ҳамарӯза меафзояд. Раванди гирифтани иҷоза содда буда, шахси воқеӣ барои гирифтани иҷозат ба мақомоти молияи маҳаллӣ муроҷиат менамояд ва ҳуҷҷатҳои аризадиҳанда аз ҷониби ин ниҳод ба Вазорати молия пешниҳод карда мешаванд.
Ба номгӯи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда металҳои қиматбаҳо ва ранга аз қабили тилло, нуқра, платина, қалъагӣ, волфрам, титан, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо амсоли ёқути сурх, ёқути кабут, хризолит, топаз, азрақ, лаъл, клиногумит, беҷодаҳо, нефрит, ақиқ, булури кӯҳӣ, пошхӯрдаҳои сурма, флюорит ва канданиҳои фоиданоки дигар дохил мешаванд.

Қарор ба шахсони воқеӣ ҳуқуқ медиҳад, ки истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаро бо истифода аз асбобҳои дастӣ, техникаи иқтидори муҳаррикаш на зиёда аз 50 қувваи асп иҷро намояд.
Дар қарор тазаккур мешавад, ки ҳангоми истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ истифодаи маводи кимиёвӣ манъ мебошад.
Аммо Умед Улуғов, масъули ташкилоти ҷамъиятии "Пешсаф" ба ин бовар аст, ки бархе аз шаҳрвандон зимни заршӯӣ аз симоб истифода мекунанд.
Бинобар ин, Вазорати молия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои пешгирӣ аз ин ҳолат чорандешӣ намояд.
Металу сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда бояд ба хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия ё ба нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо таъсисдодаи хазинаи сарватҳои давлатии назди ин ниҳод фурӯхта шавад. Дар сурати хаттӣ рад кардани харид аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, маҳсулоти истихроҷшударо ба дигар нуқтаҳои  хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо расман таъсисдодашуда пешниҳод намояд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни нишасти ахири матбуотӣ ба мо гуфт, додани иҷозат ба шахсони воқеиро бисёр соддаву шаффоф намудаанд, то ҳавасманд гарданд.
Даврони шӯравӣ барои ҷалби одамон ба заршӯӣ ва истихроҷи барзиёд мукофотпулӣ пешниҳод мегардид, барои худфаъолоне, ки дар артелҳо ва ё тибқи шартнома бо корхонаҳои истихроҷи тилло кор мекарданд, дафтарчаҳои меҳнатӣ мекушоданд, то ин ки худфаъолон собиқаи корӣ пайдо намуда, аз ҳамаи имтиёзҳои мавҷуда дар оянда истифода баранд.
Коршиносони соҳаи геология бартарияти истихроҷ ва коркарди конҳои пошхӯрдаро дар нисбат ба конҳои маъдан осон ва бе харҷи маблағҳои калон муҳим арзёбӣ мекунанд. Ба андешаи онҳо, фаъолияти озод яке аз роҳҳои хуби коркарди конҳо бе пардохти маблағ аз буҷет ба ҳисоб меравад.
С. Кабиров

среда, 26 февраля 2020 г.

Захира зиёд-истихроҷ чи гуна аст?


Захираҳои табии Тоҷикистон гуногун буда, беш аз 600 кони сарватҳои зеризаминӣ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистон конҳои зиёди синк, сурб, молибден, волфрам, мисс, тилло, нуқра, сурма, симоб, шпати гудохташаванда, қалъ, уран, бисмут, оҳан, манган, намаки ошӣ, магний мавҷуд ҳастанд.
Ба конҳои маъруфи Тоҷикистон конҳои тиллои Панҷакент ва Шуғнон, кони нуқрагии Конимансури Калон, кони сурмаи Анзоб, конҳои санги мармар дар Ванҷ, Панҷакент, Дарвоз, Шаҳристон шомил ҳастанд.
Ҳамзамон, конҳои ангишт, газ, нафт, мармар ва масолеҳи сохтмонӣ низ вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати захираҳои ангишт Тоҷикистон яке аз ҷойҳо болоиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ишғол менамояд. Захираҳои геологии умумии он 4 миллиард тоннаро ташкил медиҳад, ки аз он 80%-аш ба ангишти коксӣ тааллуқ дорад.
Бояд гуфт, қариб кулли элементҳои давраи Менделев дар ҳудуди Тоҷикистон маҳфуз аст ва Ҳукумати кишвар тасмим дорад конҳоро ба соҳибкороне вобаста намояд, ки маҳсулоти ниҳоиро низ дар кишвар омода намоянд.
Бо вуҷуди зиёд будани захираҳои табии Тоҷикистон мутаассифона, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ- беш аз 25% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил менамояд. Инчунин захираҳои табиӣ бе коркарди саноатӣ ба сифати ашёи хом содир мешаванд.
Чаҳор сол қабл Президенти кишвар зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» нигаронӣ намуда буданд, ки мутаассифона, то ба имрӯз дар аксар ҳолат захираҳои табиӣ бе коркарди саноатӣ, дар шакли ашёи хом ба хориҷа содирот карда мешаванд. Бинобар ин, Ҳукуматро зарур аст, ки барои дар қаламрави мамлакат коркард шудани сарватҳои зеризаминӣ ва ба хориҷа содирот намудани маҳсулоти коркардшуда чораҷӯӣ намояд.

вторник, 5 августа 2014 г.

Хизмати ҳарбӣ кам мешавад

Гуруҳи корӣ аз вазоратҳои мудофиа, адлия, маориф, тандурустӣ, корҳои дохилӣ, молия, Маркази миллии қонунгузорӣ, прокуратураи ҳарбӣ ба хотири аз байн б
урдани облава то ба якуним сол расонидани хизмати ҳарбӣ баҳс доранд.
Абдуманнон Холиқов, муовини аввали вазири адлия ба Имрӯз News гуфт, ки ин гуруҳи кори сари лоиҳаи ҷадиди қонун «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» кор карда истодаанд ва баҳсу мунозира барои кам кардани хизмат то якуним сол идома дорад. «Пешниҳодҳои дигар низ аз ҷумла то як сол кам кардани хизмати ҳарбӣ буд, вале аксарият ба якуним сол расониданро дастгирӣ доранд.»
Тибқи иттилои вай, бардоштани баъзе имтиёзҳо аз қонуни амалкунанда дар лоиҳаи нав мавриди баҳс қарор дошта, омилҳои қонуни амалкунанда, ки бо ном имтиёз буд, садди роҳи роҳи даъват ба хизмати ҳарбӣ шудааст.
«Дар назар дорем, ононеро ки дар омӯзишгоҳҳои касбӣ, колеҷҳои техникӣ мехонанд. Баъди маълумотҳои пешниҳодшуда маълум гардид, ки бештар ба хотири он ки ба хизмати ҳарбӣ даъват нашаванд, дар ин муассисаҳо ҳуҷҷат месупоранд. Вале аксарияташон дар дарсҳо иштирок намекунанд. Бинобар ин, дар гуруҳи корӣ боқӣ мондан ё бардоштани ин имтиёз низ мавриди басҳ аст»,- гуфт вай ба Имрӯз News.
Тибқи иттилои  муовини аввали вазири адлия дар 5 соли ахир 56 ҳазор хонандаи омӯзишгоҳҳои касбӣ, колеҷҳои техникӣ ба қайд гирифта шуда, аммо аз ин теъдод  20 дар сади онҳо дар дарсҳо ишитирок мекардаанду халос:
«Гирду атрофи дигар имтиёзҳо баҳс аст. Мо бояд лоиҳаеро омода намоем, ки имрӯз проблеммаи облава аз байн равад. Роҳи ҳалли мушкилотҳоро  бо қонун ҳал намоем. Шахсоне ки мехоҳанд оянда тақдири худро ба хизмати давлатӣ пайваст кунанд, пеш аз ҳама хизмати ҳатмии ҳарбиро гузаранд. Ин пешниҳод аз ҷониби  аксари аъзои гуруҳи корӣ дастгирӣ шудааст», афзуд А. Холиқов.
Муовини вазир мегӯяд, ҳар ташкилоти ҷамъиятие, ки барои буҳбудии кор барои аз байн бурдани облава пешниҳод намояд, дар сурати қобили дастгирӣ будан, он ҳатман дар лоиҳаи қонун таҷассум меёбад. Аз ҷумла ҷаноби Холиқов маълумот дод, ки пешниҳодҳои ироашудаи созмони Амапаро гурӯҳи корӣ таҳлилу баррасӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки Дилрабо Самадова, яке аз фаъолони Ампаро аз ташкил ва фаъолияти чунин гурӯҳи корӣ иттилое надорад.
Хонум Самадова ба Имрӯз News гуфт, агарчи онҳо ҳамасола пешниҳодҳои худро ба парлумон ва вазорати мудофиа ирсол медоранд, вале дар мавриди лоиҳаи нави қонун ва гурӯҳи корӣ касе онҳоро хабардор накардааст.
Боиси тазаккур аст, ки нимаи моҳи марти соли равон гуруҳи ташаббускорони - “Ампаро”  пешниҳод намуда буданд, муҳлати хизмати ҳарбӣ як сол кам карда шавад ва кормандони комиссариатҳои ҳарбие, ки аз усули маҷбурии даъвати ҷавонон ба сафи артиш истифода мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкили артиши касбиро  пешниҳод намуд лоиҳаеро тавассути вакилонаш – Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ ба парлумон ироа намуда буд, ки сарбозони даъватшуда ба сафи қувваҳои мусаллаҳ бо музди моҳона таъмин карда шаванд ва маблағи он аз музди миёнаи кишвар кам набошад. Пешниҳоди дигари ҳизб чунин буд, ки ҳар нафаре рағбати рафтан ба сафи артишро надорад, метавонад, бо пардохти маблағи муайян аз хидмат озод шуда, маблағ танҳо ба пардохти музди моҳонаи хизматчиёни ҳарбӣ ва беҳтар кардани шароити хизмати онҳо равона гардад.
Аммо Абдуманнон Холиқов гуфт, маош таъин намудан ба аскарон ва ононе, ки намехоҳанд ба хизмати ҳарбӣ раванд бояд маблағ пардохт намоянд, дар лоиҳа инъикос наёфтааст: «Якчанд таклиф дар ин хусус буд, вале ин масъалла паҳлӯи манфӣ низ дорад. Агар қонун пешбинӣ намояд, ки бо пардохти маблағ аз хизмати ҳарбӣ даъватшаванда озод шавад, шояд қисмати зиёди мардум чунин корро кунанд, ки ин мушкилиро ба миён меорад».
Ба маълумоти Холиқов, муовини аввали вазири адлия лоиҳаи нави қонун ба вазорату идораҳо мувофиқа гардида, сипас ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд. Вай бовар дорад, ки то 1 январи соли 2015 лоиҳа ба парлумон мерасад.

Вале вазири адлия мегӯяд, то ин муҳлат лоиҳа омода нахоҳад гардид: Хушбин нестам, ки то январ тарҳ то ба парлумон расад. Масъаллаҳо зиёданд ва шояд то моҳҳои майи соли оянда ин кора малӣ шавад. Таҳлили ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби гуруҳи кори идома дорад ва амалии лоиҳа маблағи зиёд низ талаб дорад», гуфт ин вазир. 
Имрӯз News

А. Ширинов: пулҳои фарсуда 390 миллион сомониро ташкил дод

Бонки миллӣ меъёри талаботҳои фарсудашавии пулро дигар намудааст. Меъёрҳое, ки пул латтаву фалла мешуду дар истифода буд, бонк аз баҳри он баромад: 

«Ҳаракат мекунем, ки сатҳи фарсудашавии пулро мошинҳои пулҳисобкунак муайян намояд», гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар ин нимсола 390 миллион сомонӣ пулҳои фарсуда аз муомилот гирифта шудааст. Имсол пулҳои фарсудаи коғазии ҷамъоваришудаи онҳо  390 миллион сомониро ташкил додаст. Агарчи аз муомилот як миллиард бештар пул ҷамъоварӣ шудааст.
«Фарсудашавии пул табиӣ буда, аз даст ба даст гузашта фарсуда мешавад. Ин пулҳоро бо пули нав иваз кардан зарур аст. Пулҳо аз лиҳози гигиенӣ бояд дар ҷомеа қабул бошанд. Чунки пул фарсуда шуд, чирк аз даст ба даст мегузарад. Пештар бо даст пулро медоштем. Ҳозир тавассути мошина ҳисоб мешавад, ки аз як ҷиҳат ҳосилнокии худи хазинчиёнро баланд мекунад. Пул бояд тоза бошад. Аз назари иҷтимоӣ мафкураи мардумро бояд тарбия кунад»-афзуд Абдуҷаббор Ширинов.
Тибқи иттилои Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсола ҷиҳати ташкил ва таъмини босамар ва гардиши пул вобаста ба талаботи кишвар 1 миллиарду 120 миллион сомонӣ пули нақд ба муомилот бароварда шуда, ки  назар ба соли гузашта 73 дар сад бештар будааст.
Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ ба ҳолати 30 июни соли равон 5,627, 2 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта  25,3% зиёд будааст.
Соли сипаришуда наздик ба 1 миллиард сомонӣ пулҳо фарсудаву корношоям аз муомилот бардошта шуданд. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон соли 2013 850,5 миллион  сомонӣ пулҳои коғазии корношояму фарсуда гардида аз муомилот бозпас гирифта шуд. Дар нимсолаи якуми соли 2012 бошад 284,4 миллион сомонӣ чунин навъи мулҳоро аз муомилот бардоштанд. Дар 9 моҳи соли 2012 бошад 400 миллион сомонӣ пулҳои фарсудаву корношоям бозпас гирифта шуда буд. Соли 2011 бошад ин рақам камтар буд. Яъне он сол ҳамагӣ  465,3 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуда буду халос.
Боиси таассуф аст, ки ба асъори миллиамон, ки муқаддасот маҳсуб меёбад беэътиноиву беэҳтиромӣ мекунем. Навиштаҷот тавассути худкор дар пулҳо, ришу айнаку муйлаб мондан ба расми арбобони давлативу фарҳангӣ, ки дар пули миллӣ таҷассум ёфтаанд, хеле нигаронкунанда аст… Дар ҳоле, ки пули миллии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чоп мешавад ва бо нархи арзон ҳам не.
Тибқи қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон оид ба тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳо пулҳои коғазии чиркиншуда, рахшикаста, ғиҷимшуда ва равғанолуда ва дорои сӯрохиҳои  дар  натиҷаи  хӯрдашавии  табиӣ  бавуҷудомада,  чокҳо  ва  қисман  сӯхтагиҳо доғҳо аз моддаҳои рангӣ, навиштаҷоти бегона, акси тамғаҳо, набудани кунҷҳо, атроф ё риштаи  ҳимоявӣ ҳастанду осебҳои зайлро дидаанд, барои пардохт ва иваз намудан аз ҷониби Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ қабул бояд гарданд. Ҳатто боқимонда, ки 55 фоиз ва ё масоҳати аз ин зиёдтари  сатҳи ибтидоии пулро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар  ҳолати мавҷуд будани ду қисмати тарафҳои дорои  силсила ва рақамҳои якхелаи пулҳои коғазӣ, агар дар якҷоягӣ 55 фоиз ва аз ин зиёди сатҳи ибтидоии онро ташкил намоянд. Яъне дарида  ва  аз  ду  нимаи  арзиши  якхела  ширешкардашуда,  ки  ҳар кадом баробар  ба 50 фоизи  сатҳи ибтидоии пул  буда,  дорои  силсила  ва  рақамҳои  якхела  коршоям маҳсуб меёбанд.