вторник, 5 августа 2014 г.

Хизмати ҳарбӣ кам мешавад

Гуруҳи корӣ аз вазоратҳои мудофиа, адлия, маориф, тандурустӣ, корҳои дохилӣ, молия, Маркази миллии қонунгузорӣ, прокуратураи ҳарбӣ ба хотири аз байн б
урдани облава то ба якуним сол расонидани хизмати ҳарбӣ баҳс доранд.
Абдуманнон Холиқов, муовини аввали вазири адлия ба Имрӯз News гуфт, ки ин гуруҳи кори сари лоиҳаи ҷадиди қонун «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» кор карда истодаанд ва баҳсу мунозира барои кам кардани хизмат то якуним сол идома дорад. «Пешниҳодҳои дигар низ аз ҷумла то як сол кам кардани хизмати ҳарбӣ буд, вале аксарият ба якуним сол расониданро дастгирӣ доранд.»
Тибқи иттилои вай, бардоштани баъзе имтиёзҳо аз қонуни амалкунанда дар лоиҳаи нав мавриди баҳс қарор дошта, омилҳои қонуни амалкунанда, ки бо ном имтиёз буд, садди роҳи роҳи даъват ба хизмати ҳарбӣ шудааст.
«Дар назар дорем, ононеро ки дар омӯзишгоҳҳои касбӣ, колеҷҳои техникӣ мехонанд. Баъди маълумотҳои пешниҳодшуда маълум гардид, ки бештар ба хотири он ки ба хизмати ҳарбӣ даъват нашаванд, дар ин муассисаҳо ҳуҷҷат месупоранд. Вале аксарияташон дар дарсҳо иштирок намекунанд. Бинобар ин, дар гуруҳи корӣ боқӣ мондан ё бардоштани ин имтиёз низ мавриди басҳ аст»,- гуфт вай ба Имрӯз News.
Тибқи иттилои  муовини аввали вазири адлия дар 5 соли ахир 56 ҳазор хонандаи омӯзишгоҳҳои касбӣ, колеҷҳои техникӣ ба қайд гирифта шуда, аммо аз ин теъдод  20 дар сади онҳо дар дарсҳо ишитирок мекардаанду халос:
«Гирду атрофи дигар имтиёзҳо баҳс аст. Мо бояд лоиҳаеро омода намоем, ки имрӯз проблеммаи облава аз байн равад. Роҳи ҳалли мушкилотҳоро  бо қонун ҳал намоем. Шахсоне ки мехоҳанд оянда тақдири худро ба хизмати давлатӣ пайваст кунанд, пеш аз ҳама хизмати ҳатмии ҳарбиро гузаранд. Ин пешниҳод аз ҷониби  аксари аъзои гуруҳи корӣ дастгирӣ шудааст», афзуд А. Холиқов.
Муовини вазир мегӯяд, ҳар ташкилоти ҷамъиятие, ки барои буҳбудии кор барои аз байн бурдани облава пешниҳод намояд, дар сурати қобили дастгирӣ будан, он ҳатман дар лоиҳаи қонун таҷассум меёбад. Аз ҷумла ҷаноби Холиқов маълумот дод, ки пешниҳодҳои ироашудаи созмони Амапаро гурӯҳи корӣ таҳлилу баррасӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки Дилрабо Самадова, яке аз фаъолони Ампаро аз ташкил ва фаъолияти чунин гурӯҳи корӣ иттилое надорад.
Хонум Самадова ба Имрӯз News гуфт, агарчи онҳо ҳамасола пешниҳодҳои худро ба парлумон ва вазорати мудофиа ирсол медоранд, вале дар мавриди лоиҳаи нави қонун ва гурӯҳи корӣ касе онҳоро хабардор накардааст.
Боиси тазаккур аст, ки нимаи моҳи марти соли равон гуруҳи ташаббускорони - “Ампаро”  пешниҳод намуда буданд, муҳлати хизмати ҳарбӣ як сол кам карда шавад ва кормандони комиссариатҳои ҳарбие, ки аз усули маҷбурии даъвати ҷавонон ба сафи артиш истифода мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкили артиши касбиро  пешниҳод намуд лоиҳаеро тавассути вакилонаш – Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ ба парлумон ироа намуда буд, ки сарбозони даъватшуда ба сафи қувваҳои мусаллаҳ бо музди моҳона таъмин карда шаванд ва маблағи он аз музди миёнаи кишвар кам набошад. Пешниҳоди дигари ҳизб чунин буд, ки ҳар нафаре рағбати рафтан ба сафи артишро надорад, метавонад, бо пардохти маблағи муайян аз хидмат озод шуда, маблағ танҳо ба пардохти музди моҳонаи хизматчиёни ҳарбӣ ва беҳтар кардани шароити хизмати онҳо равона гардад.
Аммо Абдуманнон Холиқов гуфт, маош таъин намудан ба аскарон ва ононе, ки намехоҳанд ба хизмати ҳарбӣ раванд бояд маблағ пардохт намоянд, дар лоиҳа инъикос наёфтааст: «Якчанд таклиф дар ин хусус буд, вале ин масъалла паҳлӯи манфӣ низ дорад. Агар қонун пешбинӣ намояд, ки бо пардохти маблағ аз хизмати ҳарбӣ даъватшаванда озод шавад, шояд қисмати зиёди мардум чунин корро кунанд, ки ин мушкилиро ба миён меорад».
Ба маълумоти Холиқов, муовини аввали вазири адлия лоиҳаи нави қонун ба вазорату идораҳо мувофиқа гардида, сипас ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд. Вай бовар дорад, ки то 1 январи соли 2015 лоиҳа ба парлумон мерасад.

Вале вазири адлия мегӯяд, то ин муҳлат лоиҳа омода нахоҳад гардид: Хушбин нестам, ки то январ тарҳ то ба парлумон расад. Масъаллаҳо зиёданд ва шояд то моҳҳои майи соли оянда ин кора малӣ шавад. Таҳлили ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби гуруҳи кори идома дорад ва амалии лоиҳа маблағи зиёд низ талаб дорад», гуфт ин вазир. 
Имрӯз News

А. Ширинов: пулҳои фарсуда 390 миллион сомониро ташкил дод

Бонки миллӣ меъёри талаботҳои фарсудашавии пулро дигар намудааст. Меъёрҳое, ки пул латтаву фалла мешуду дар истифода буд, бонк аз баҳри он баромад: 

«Ҳаракат мекунем, ки сатҳи фарсудашавии пулро мошинҳои пулҳисобкунак муайян намояд», гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар ин нимсола 390 миллион сомонӣ пулҳои фарсуда аз муомилот гирифта шудааст. Имсол пулҳои фарсудаи коғазии ҷамъоваришудаи онҳо  390 миллион сомониро ташкил додаст. Агарчи аз муомилот як миллиард бештар пул ҷамъоварӣ шудааст.
«Фарсудашавии пул табиӣ буда, аз даст ба даст гузашта фарсуда мешавад. Ин пулҳоро бо пули нав иваз кардан зарур аст. Пулҳо аз лиҳози гигиенӣ бояд дар ҷомеа қабул бошанд. Чунки пул фарсуда шуд, чирк аз даст ба даст мегузарад. Пештар бо даст пулро медоштем. Ҳозир тавассути мошина ҳисоб мешавад, ки аз як ҷиҳат ҳосилнокии худи хазинчиёнро баланд мекунад. Пул бояд тоза бошад. Аз назари иҷтимоӣ мафкураи мардумро бояд тарбия кунад»-афзуд Абдуҷаббор Ширинов.
Тибқи иттилои Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсола ҷиҳати ташкил ва таъмини босамар ва гардиши пул вобаста ба талаботи кишвар 1 миллиарду 120 миллион сомонӣ пули нақд ба муомилот бароварда шуда, ки  назар ба соли гузашта 73 дар сад бештар будааст.
Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ ба ҳолати 30 июни соли равон 5,627, 2 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта  25,3% зиёд будааст.
Соли сипаришуда наздик ба 1 миллиард сомонӣ пулҳо фарсудаву корношоям аз муомилот бардошта шуданд. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон соли 2013 850,5 миллион  сомонӣ пулҳои коғазии корношояму фарсуда гардида аз муомилот бозпас гирифта шуд. Дар нимсолаи якуми соли 2012 бошад 284,4 миллион сомонӣ чунин навъи мулҳоро аз муомилот бардоштанд. Дар 9 моҳи соли 2012 бошад 400 миллион сомонӣ пулҳои фарсудаву корношоям бозпас гирифта шуда буд. Соли 2011 бошад ин рақам камтар буд. Яъне он сол ҳамагӣ  465,3 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуда буду халос.
Боиси таассуф аст, ки ба асъори миллиамон, ки муқаддасот маҳсуб меёбад беэътиноиву беэҳтиромӣ мекунем. Навиштаҷот тавассути худкор дар пулҳо, ришу айнаку муйлаб мондан ба расми арбобони давлативу фарҳангӣ, ки дар пули миллӣ таҷассум ёфтаанд, хеле нигаронкунанда аст… Дар ҳоле, ки пули миллии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чоп мешавад ва бо нархи арзон ҳам не.
Тибқи қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон оид ба тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳо пулҳои коғазии чиркиншуда, рахшикаста, ғиҷимшуда ва равғанолуда ва дорои сӯрохиҳои  дар  натиҷаи  хӯрдашавии  табиӣ  бавуҷудомада,  чокҳо  ва  қисман  сӯхтагиҳо доғҳо аз моддаҳои рангӣ, навиштаҷоти бегона, акси тамғаҳо, набудани кунҷҳо, атроф ё риштаи  ҳимоявӣ ҳастанду осебҳои зайлро дидаанд, барои пардохт ва иваз намудан аз ҷониби Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ қабул бояд гарданд. Ҳатто боқимонда, ки 55 фоиз ва ё масоҳати аз ин зиёдтари  сатҳи ибтидоии пулро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар  ҳолати мавҷуд будани ду қисмати тарафҳои дорои  силсила ва рақамҳои якхелаи пулҳои коғазӣ, агар дар якҷоягӣ 55 фоиз ва аз ин зиёди сатҳи ибтидоии онро ташкил намоянд. Яъне дарида  ва  аз  ду  нимаи  арзиши  якхела  ширешкардашуда,  ки  ҳар кадом баробар  ба 50 фоизи  сатҳи ибтидоии пул  буда,  дорои  силсила  ва  рақамҳои  якхела  коршоям маҳсуб меёбанд.