Гуруҳи
корӣ
аз вазоратҳои мудофиа, адлия, маориф,
тандурустӣ, корҳои
дохилӣ,
молия, Маркази миллии қонунгузорӣ,
прокуратураи ҳарбӣ
ба хотири аз байн б
урдани облава то ба якуним сол расонидани хизмати ҳарбӣ
баҳс
доранд.
Абдуманнон Холиқов,
муовини аввали вазири адлия ба Имрӯз
News
гуфт,
ки ин гуруҳи кори сари лоиҳаи
ҷадиди
қонун
«Дар бораи уҳдадориҳои
умумии ҳарбӣ
ва хизмати ҳарбӣ»
кор карда истодаанд ва баҳсу мунозира барои
кам кардани хизмат то якуним сол идома дорад. «Пешниҳодҳои
дигар низ аз ҷумла то як сол кам кардани
хизмати ҳарбӣ
буд, вале аксарият ба якуним сол расониданро дастгирӣ
доранд.»
Тибқи
иттилои вай, бардоштани баъзе имтиёзҳо
аз қонуни
амалкунанда дар лоиҳаи нав мавриди баҳс
қарор
дошта, омилҳои қонуни
амалкунанда, ки бо ном имтиёз буд, садди роҳи
роҳи
даъват ба хизмати ҳарбӣ
шудааст.
«Дар назар дорем, ононеро ки дар омӯзишгоҳҳои
касбӣ,
колеҷҳои
техникӣ
мехонанд. Баъди маълумотҳои пешниҳодшуда
маълум гардид, ки бештар ба хотири он ки ба хизмати ҳарбӣ
даъват нашаванд, дар ин муассисаҳо
ҳуҷҷат
месупоранд. Вале аксарияташон дар дарсҳо
иштирок намекунанд. Бинобар ин, дар гуруҳи
корӣ
боқӣ
мондан ё бардоштани ин имтиёз низ мавриди басҳ
аст»,- гуфт вай ба Имрӯз News.
Тибқи
иттилои муовини аввали вазири адлия дар
5 соли ахир 56 ҳазор хонандаи омӯзишгоҳҳои
касбӣ,
колеҷҳои
техникӣ
ба қайд
гирифта шуда, аммо аз ин теъдод 20 дар
сади онҳо
дар дарсҳо
ишитирок мекардаанду халос:
«Гирду атрофи дигар имтиёзҳо
баҳс
аст. Мо бояд лоиҳаеро омода намоем,
ки имрӯз
проблеммаи облава аз байн равад. Роҳи
ҳалли
мушкилотҳоро бо қонун
ҳал
намоем. Шахсоне ки мехоҳанд оянда тақдири
худро ба хизмати давлатӣ пайваст кунанд, пеш
аз ҳама
хизмати ҳатмии
ҳарбиро
гузаранд. Ин пешниҳод аз ҷониби аксари аъзои гуруҳи
корӣ
дастгирӣ
шудааст», афзуд А. Холиқов.
Муовини вазир мегӯяд,
ҳар
ташкилоти ҷамъиятие, ки барои буҳбудии
кор барои аз байн бурдани облава пешниҳод
намояд, дар сурати қобили дастгирӣ
будан, он ҳатман дар лоиҳаи
қонун
таҷассум
меёбад. Аз ҷумла ҷаноби
Холиқов
маълумот дод, ки пешниҳодҳои
ироашудаи созмони Амапаро гурӯҳи корӣ
таҳлилу
баррасӣ
дорад.
Ин дар ҳолест, ки
Дилрабо Самадова, яке аз фаъолони Ампаро аз ташкил ва фаъолияти чунин гурӯҳи корӣ иттилое
надорад.
Хонум
Самадова ба Имрӯз News гуфт, агарчи онҳо ҳамасола пешниҳодҳои худро ба
парлумон ва вазорати мудофиа ирсол медоранд, вале дар мавриди лоиҳаи нави қонун ва гурӯҳи корӣ касе онҳоро хабардор
накардааст.
Боиси
тазаккур аст, ки нимаи моҳи марти соли равон
гуруҳи ташаббускорони -
“Ампаро” пешниҳод намуда буданд, муҳлати хизмати ҳарбӣ як сол кам карда
шавад ва
кормандони комиссариатҳои ҳарбие, ки аз усули маҷбурии даъвати ҷавонон ба сафи артиш истифода
мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ҳизби
наҳзати исломии Тоҷикистон ташкили
артиши касбиро пешниҳод намуд лоиҳаеро тавассути вакилонаш – Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ ба парлумон ироа
намуда буд, ки сарбозони даъватшуда ба сафи қувваҳои мусаллаҳ бо музди моҳона таъмин карда шаванд ва маблағи он аз музди миёнаи кишвар кам набошад. Пешниҳоди дигари ҳизб чунин буд, ки ҳар нафаре рағбати рафтан ба сафи артишро надорад, метавонад,
бо пардохти маблағи муайян аз хидмат озод шуда, маблағ танҳо ба пардохти музди моҳонаи хизматчиёни ҳарбӣ ва беҳтар кардани шароити хизмати онҳо равона гардад.
Аммо Абдуманнон Холиқов
гуфт, маош таъин намудан ба аскарон ва ононе, ки намехоҳанд
ба хизмати ҳарбӣ
раванд бояд маблағ пардохт намоянд,
дар лоиҳа
инъикос наёфтааст: «Якчанд таклиф дар ин хусус буд, вале ин масъалла паҳлӯи
манфӣ
низ дорад. Агар қонун пешбинӣ
намояд, ки бо пардохти маблағ аз хизмати ҳарбӣ
даъватшаванда озод шавад, шояд қисмати зиёди
мардум чунин корро кунанд, ки ин мушкилиро ба миён меорад».
Ба маълумоти Холиқов,
муовини аввали вазири адлия лоиҳаи нави қонун
ба вазорату идораҳо мувофиқа
гардида, сипас ба ҳукумат пешниҳод
хоҳад
шуд. Вай бовар дорад, ки то 1 январи соли 2015 лоиҳа
ба парлумон мерасад.
Вале вазири адлия мегӯяд,
то ин муҳлат
лоиҳа
омода нахоҳад гардид: Хушбин нестам, ки то
январ тарҳ то ба парлумон расад. Масъаллаҳо
зиёданд ва шояд то моҳҳои майи соли оянда
ин кора малӣ шавад. Таҳлили
ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ
аз ҷониби
гуруҳи
кори идома дорад ва амалии лоиҳа маблағи
зиёд низ талаб дорад», гуфт ин вазир.
Имрӯз News
Комментариев нет:
Отправить комментарий