четверг, 27 февраля 2020 г.

Заршӯӣ манбаи шуғлофар
Заршӯӣ як манбаи даромад ва ҷойи корӣ маҳсуб мешавад. Аммо то чор моҳи пеш қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ мушаххас набуд ва машғул шудан ба заршӯӣ ҷурм маҳсуб меёфт.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, зимни сафарҳои президенти кишвар ба шаҳру навоҳӣ шаҳрвандон дахост менамуданд, ки барои онҳо иҷозаи заршӯӣ дода шавад, то манбаи даромаде пайдо намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ”  (27 ноябри соли 2019, №600) имзо гардид.
Ин санад фаъолияти шахсони воқеиро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба танзим медарорад.
Дар ин қарор гуфта мешавад, ки қитъаҳои водӣ, шохобҳои дарёҳои ҷумҳурӣ ва сангрезаҳои доманакӯҳҳо аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ муайян карда шуда, ба Вазорати молия пешниҳод мегардад.
Дар ҳамин ҳол Исматулло Раҳмонов, мутахассис аз Саридораи геология зимни маҳфили навбатии "Тавозун", ки 27 феврали соли 2020 аз ҷониби ТҶ  "Хома" доир гардид, қайд намуд, ки дар пайи мушаххассозии минтақаҳо ҳастанд.

Чаро заршӯӣ маҳз дар шохобҳои дарё имконпазир аст ва бо чӣ далел тиллои резаро дар соҳили дарё пайдо кардан имкон дорад? Дар ин хусус аз Ҷовид Аминов,  мутахассиси соҳаи геологияи сохторӣ суол намудем.
Ба иттилои Ёқубҷон Ёров, корманди Вазорати молия, теъдоди онҳое, ки барои заршӯӣ иҷозат гирифтанд, ҳамарӯза меафзояд. Раванди гирифтани иҷоза содда буда, шахси воқеӣ барои гирифтани иҷозат ба мақомоти молияи маҳаллӣ муроҷиат менамояд ва ҳуҷҷатҳои аризадиҳанда аз ҷониби ин ниҳод ба Вазорати молия пешниҳод карда мешаванд.
Ба номгӯи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда металҳои қиматбаҳо ва ранга аз қабили тилло, нуқра, платина, қалъагӣ, волфрам, титан, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо амсоли ёқути сурх, ёқути кабут, хризолит, топаз, азрақ, лаъл, клиногумит, беҷодаҳо, нефрит, ақиқ, булури кӯҳӣ, пошхӯрдаҳои сурма, флюорит ва канданиҳои фоиданоки дигар дохил мешаванд.

Қарор ба шахсони воқеӣ ҳуқуқ медиҳад, ки истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаро бо истифода аз асбобҳои дастӣ, техникаи иқтидори муҳаррикаш на зиёда аз 50 қувваи асп иҷро намояд.
Дар қарор тазаккур мешавад, ки ҳангоми истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ истифодаи маводи кимиёвӣ манъ мебошад.
Аммо Умед Улуғов, масъули ташкилоти ҷамъиятии "Пешсаф" ба ин бовар аст, ки бархе аз шаҳрвандон зимни заршӯӣ аз симоб истифода мекунанд.
Бинобар ин, Вазорати молия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои пешгирӣ аз ин ҳолат чорандешӣ намояд.
Металу сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда бояд ба хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия ё ба нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо таъсисдодаи хазинаи сарватҳои давлатии назди ин ниҳод фурӯхта шавад. Дар сурати хаттӣ рад кардани харид аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, маҳсулоти истихроҷшударо ба дигар нуқтаҳои  хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо расман таъсисдодашуда пешниҳод намояд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни нишасти ахири матбуотӣ ба мо гуфт, додани иҷозат ба шахсони воқеиро бисёр соддаву шаффоф намудаанд, то ҳавасманд гарданд.
Даврони шӯравӣ барои ҷалби одамон ба заршӯӣ ва истихроҷи барзиёд мукофотпулӣ пешниҳод мегардид, барои худфаъолоне, ки дар артелҳо ва ё тибқи шартнома бо корхонаҳои истихроҷи тилло кор мекарданд, дафтарчаҳои меҳнатӣ мекушоданд, то ин ки худфаъолон собиқаи корӣ пайдо намуда, аз ҳамаи имтиёзҳои мавҷуда дар оянда истифода баранд.
Коршиносони соҳаи геология бартарияти истихроҷ ва коркарди конҳои пошхӯрдаро дар нисбат ба конҳои маъдан осон ва бе харҷи маблағҳои калон муҳим арзёбӣ мекунанд. Ба андешаи онҳо, фаъолияти озод яке аз роҳҳои хуби коркарди конҳо бе пардохти маблағ аз буҷет ба ҳисоб меравад.
С. Кабиров

среда, 26 февраля 2020 г.

Захира зиёд-истихроҷ чи гуна аст?


Захираҳои табии Тоҷикистон гуногун буда, беш аз 600 кони сарватҳои зеризаминӣ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистон конҳои зиёди синк, сурб, молибден, волфрам, мисс, тилло, нуқра, сурма, симоб, шпати гудохташаванда, қалъ, уран, бисмут, оҳан, манган, намаки ошӣ, магний мавҷуд ҳастанд.
Ба конҳои маъруфи Тоҷикистон конҳои тиллои Панҷакент ва Шуғнон, кони нуқрагии Конимансури Калон, кони сурмаи Анзоб, конҳои санги мармар дар Ванҷ, Панҷакент, Дарвоз, Шаҳристон шомил ҳастанд.
Ҳамзамон, конҳои ангишт, газ, нафт, мармар ва масолеҳи сохтмонӣ низ вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати захираҳои ангишт Тоҷикистон яке аз ҷойҳо болоиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ишғол менамояд. Захираҳои геологии умумии он 4 миллиард тоннаро ташкил медиҳад, ки аз он 80%-аш ба ангишти коксӣ тааллуқ дорад.
Бояд гуфт, қариб кулли элементҳои давраи Менделев дар ҳудуди Тоҷикистон маҳфуз аст ва Ҳукумати кишвар тасмим дорад конҳоро ба соҳибкороне вобаста намояд, ки маҳсулоти ниҳоиро низ дар кишвар омода намоянд.
Бо вуҷуди зиёд будани захираҳои табии Тоҷикистон мутаассифона, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ- беш аз 25% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил менамояд. Инчунин захираҳои табиӣ бе коркарди саноатӣ ба сифати ашёи хом содир мешаванд.
Чаҳор сол қабл Президенти кишвар зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» нигаронӣ намуда буданд, ки мутаассифона, то ба имрӯз дар аксар ҳолат захираҳои табиӣ бе коркарди саноатӣ, дар шакли ашёи хом ба хориҷа содирот карда мешаванд. Бинобар ин, Ҳукуматро зарур аст, ки барои дар қаламрави мамлакат коркард шудани сарватҳои зеризаминӣ ва ба хориҷа содирот намудани маҳсулоти коркардшуда чораҷӯӣ намояд.