Захираҳои
табии Тоҷикистон гуногун буда, беш аз 600 кони сарватҳои зеризаминӣ дар кишвар
ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистон конҳои зиёди синк, сурб, молибден, волфрам, мисс,
тилло, нуқра, сурма, симоб, шпати гудохташаванда, қалъ, уран, бисмут, оҳан,
манган, намаки ошӣ, магний мавҷуд ҳастанд.
Ба конҳои маъруфи Тоҷикистон конҳои тиллои Панҷакент ва Шуғнон, кони
нуқрагии Конимансури Калон, кони сурмаи Анзоб, конҳои санги мармар дар Ванҷ,
Панҷакент, Дарвоз, Шаҳристон шомил ҳастанд.
Ҳамзамон, конҳои ангишт, газ, нафт, мармар ва масолеҳи сохтмонӣ низ вуҷуд
доранд. Аз ҷиҳати захираҳои ангишт Тоҷикистон яке аз ҷойҳо болоиро дар минтақаи
Осиёи Марказӣ ишғол менамояд. Захираҳои геологии умумии он 4 миллиард тоннаро
ташкил медиҳад, ки аз он 80%-аш ба ангишти коксӣ тааллуқ дорад.
Бояд гуфт, қариб кулли
элементҳои давраи Менделев дар ҳудуди Тоҷикистон маҳфуз аст ва Ҳукумати кишвар
тасмим дорад конҳоро ба соҳибкороне вобаста намояд, ки маҳсулоти ниҳоиро низ
дар кишвар омода намоянд.
Бо вуҷуди зиёд будани захираҳои табии Тоҷикистон мутаассифона, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ- беш аз
25% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил менамояд. Инчунин захираҳои табиӣ бе коркарди саноатӣ ба сифати ашёи хом содир мешаванд.
Чаҳор сол қабл Президенти
кишвар зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони
«Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» нигаронӣ намуда буданд, ки
мутаассифона, то ба имрӯз дар аксар ҳолат захираҳои табиӣ
бе коркарди саноатӣ, дар шакли ашёи хом ба хориҷа содирот карда мешаванд.
Бинобар ин, Ҳукуматро зарур аст, ки барои дар қаламрави мамлакат коркард шудани
сарватҳои зеризаминӣ ва ба хориҷа содирот намудани маҳсулоти коркардшуда чораҷӯӣ
намояд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий