понедельник, 23 июня 2014 г.

Муросо

Орзу Исоев:

Ман хеч гох талабгори бахсхои тулониву домандор нестам, аммо то аъмоки масъала фуру рафтанро ман одати деринаи хеш мехисобам! Тули ин рузхое, ки бархурдхо зарифии тафохумро шикастанд, ман бори дигар ба пеши имону вичдони худ аз интихоби пешаам мутмаинтар шудам. Бори дигар ба худ гуфтам, ки рохи паймудаам бархадар набудааст. Эътикоду ихлосам нисбати касбам фузунтар шуд ва ман дар ин бахс вучудамро бо хама эътирозу изтиробаш, табдориву хисмандияш моли ин пеша хондам! 


Хулоса кардам, ки агар дар мехвари сохторшиносии соха руйпуш кардани хакикатро хирфаи унвон кунанду гуфтанашро гайрихирфаи, пас ман мехохам гайрихирфаи бошам! Тамоми умр!

Мо имруз бо Бобочони Шафеъ вохурдем ва чараёни ин вохуриро ман сабт кардам, аммо барои нашрсози не! Оре, сабт кардам, то мазмуни ин вохуриро касе аз мо натавонад ба дигар тарз шарх дихад. Дар бумбасти бозихое, ки бозигарон дар пушти пардахо бо никобхои зебо бахси моро дар мизони манфиатхояшон мекашанду суханро исботнопазир мекунанд, сабт накардани сухан аблахист! 

Мо вохурдем! Бобочони Шафеъ икрор кард, ки баъди сухбат бо Рустами Чони ва ман пахлухои норушани фаъолияти ширкати кюнет барояш аён шуд. Икрор кард, ки рочеъ ба ин ширкат маълумот доштааст. Икрор кард, ки нисбати нашри матлаби аввалааш ба шитобкори рох додааст. Гуфт, хуб мебуд ки дар вижасахфаи инфиродиам менавишт, зеро акидаи шахсиро бидуни тахлили дакики барномахои мукаммал ба майдони бахси оммави кашидан начандон хуб аст. Бобочони Шафеъ хатто барои суханони дурушташ узр хост! Ин вокеан мардонагист! Икрори иштибох ва узрхохии самимона далели мардонагист! Ахсан! 

Устод ишора кардааст, ки кумак ба мардуми ниёзманд дар икдомоти хайрхохонаи радиои Имруз на аз пули родио, балки аз пули мардум аст, аммо хама кормандони родиову рузномаи ИмрузNews шона ба шона бо мардуми хайрхох аз чайбаки худ маблаге бароварда, ба нёзмандон пешкаш медоранд. Харчанд дар ин бора Рустами Чони ичоза надодааст, ки харф бизанем, аммо мегуям! Мегуям, ки рузноманигорони мо либосу чихози худро ба эхтиёчмандони офатхои табии доданд! Хар навбат ба факирону вомондагон, ки ба коргохамон меоянд, пул медиханд. Ин як ананаи неки ахли Имрузиён аст!
Хулосаи ман ин аст, ки бахси ман бо Бобочони Шафеъ тарчеху тахрики берунаву пардапушона дошт! Ман барои хештан дакик кардам, ки пешаи рузноманигориро афроде хор мекунанд, ки аз ходиса дида, нархи онро дар мизони манфиатхои тичоратии хеш баркашида, фоидачуи мекунанд!
Ман ба ин мавзуъ азми баргаштан надорам, зеро карорамон дар поёни сухбат хамин буд! 
Бахси ману Бобочони Шафеъ аз як эълонаке шуруъ шуд. Инак эълони дигар:

PS: Дар давоми мохи шарифи Рамазон родиои Имруз тасмим гирифтааст, ки икдоми савобчуёнаеро чихати кумак ба ниёзмандон рохандози кунад! Руйхати эхтиёчмандонро бо аксхояшон дар ФБ нашр мекунем! Хар яки шумо метавонед барои хушнудии эхтмёчмандон хиссаяке бигзоред! Устод, шумо хам биёед!
107,4 ФМ - барои ХАМА!

Комментариев нет:

Отправить комментарий